ОМОН-и Русия шаҳрвандони Қирғизистонро латту кӯб кард

Дар шаҳри Хабаровски Русия чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон шикоят карданд, ки аз сӯи кормандони ОМОН латту кӯб шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, рӯзи 12 декабр кормандони ин ниҳод ҳудуди 80 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт ва давоми чанд соат латту кӯб карданд. Ин шаҳрвандон асосан ба ҳайси ронанда кор мекарданд.

Самарбек Осмон уулу, як тан аз латукӯбшудаҳо гуфт, ки кормандони ОМОН соати 10 шом ба таваққуфгоҳи автобусҳо омаданд. "Ҳамаи ронандаҳоро боздошт карданд. Моро заданд ва ҳуҷҷатҳоро гирифтанд. То субҳ заданд. Ба далели надоштани шиноснома маро дар бемористон қабул накарданд. Ҳоло бо қабурғаи шикаста дар хона бистариам. Ба мо ҳатто имкон надоданд, ки пурсем - чаро моро мезананд. Даҳ нафар - даҳ нафар ба як ҳуҷра дохил карданду се корманди ОМОН бо "дубинка" заданд. Ҳамаашон ниқоб доштанд",-гуфт ин муҳоҷири қирғизистонӣ.

Жиргалбек, муҳоҷири дигар гуфт, ки онҳоро дар бинои Воронеж 1, латту кӯб карданд. Харитаҳои онлайнӣ нишон медиҳанд, ки ин бинои бозрасии давлатии автомоблии кишвари Хабаровск аст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, пеш аз латту кӯб пулис дурбинҳои назоратиро пӯшонидааст.

"Дурбинҳоро пӯшониданд. Ба мо фармон доданд, ки заминро нигоҳ кунем ва латту кӯбро сар карданд. Ба сарамон дод мезаданд, ки мо чароғакро сурх мегузарем, бидуни билет мусофир мегирем. Онҳоро чеҳраҳои мо ба хашм меовард. Моро субҳ соати 4 раҳо карданд",-гуфт Жиргалбек.

Айни ҳол мақомоти дипломатии Қирғизистон бо мақомоти Хабаровск вориди гуфтугӯ шудаанд. Қодирбек Мирзобоев, консули Қирғизистон дар Хабаровск гуфт, барои дақиқ кардани қазия ба ВКД, додситонӣ ва хадамоти федеролии амнияти Русия нота ирсол кардааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, боздошти дастаҷамъии муҳоҷирон рӯзи 13 декабр боиси аз ҳаракат мондани нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хабаровск шудааст.