Гуруҳе аз вакилони амрикоӣ ҳафтаи оянда тарҳи санадеро ба баррасӣ мегиранд, ки эъмоли таҳримоти сахт ба зидди Русияро дар назар дорад. Кумитаи равобити хориҷии сенат тарҳи санади Муҳофизати амнияти Амрико аз амалҳои таҷовузкоронаи Русияро баҳс хоҳад кард, ки онро Линдси Граҳам вакили ҷумҳурихоҳ, “қонуни таҳримоти дӯзахвор” номидааст. Тарҳ рӯзи 18-уми декабр мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Бар асоси санади мазкур ки онро ДАСКА номидаанд, бояд ба зидди Русия барои дахолаташ ба ҷараёнҳои демократӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва амалҳои “бадхоҳона” -аш дар Сурия ва Украина таҳримоти иқтисодӣ эъмол карда шавад.
Дар ин санад аз ҷумла баъзе бонкҳои Русия, тарҳҳои содироти гази моеъ дар хориҷ ҳадаф гирифта шудаанд, ки ба гуфтаи муаллифонаш ба талошҳои ҳукумати Русия барои “ба хатар андохтани ҷараёнҳои демократӣ дар кишварҳои хориҷӣ” кӯмак мекунанд.
Қонуни мазкур ҳамчунин таъсиси Дафтари фазои кибернетикӣ ва иқтисоди рақамӣ дар вазорати умури хориҷии Амрикоро дар назар дорад. Боб Менендез, вакили демократ ва яке аз муаллифони тарҳ гуфтааст, ки дафтари нав “талошҳои дипломатӣ барои амнияти байналмилалии кибернетикӣ, дастрасӣ ба Интернет, иқтисодӣ рақамӣ, ҷиноятҳои интернетӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба хатарҳои кибернетикиро раҳбарӣ мекунад.”