Тағйирот дар ҳизби ҳоким. ҲХДТ киро номзад ба интихобот кард? ВИДЕО, САДО

Саидмурод Фаттоҳзода ва Раъно Бобоҷониён рӯзи 13-уми декабр ду номзади асосии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи соли ояндаи порлумонӣ муаррифӣ шуданд. Фаттоҳзода ва Бобоҷониён то ин дам ба ҳайси муовинони раиси ҳизби ҳоким кор мекарданд ва рӯзи ҷумъа дар анҷумани ҳизб аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзадии 28 нафарро пешбарӣ кардааст. Ин ҳизб феълан низ аксар курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. Мухолифон ҳизбро ба суистифода аз манобеи давлатӣ барои таблиғаш танқид мекунанд.

Фирори вакилони анҷумани ҲХДТ аз посух гуфтан ба суоли хабарнигорон. Видеои бе шарҳ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба вакилони анҷумани ҲХДТ дастур додаанд, ки бо расонаҳо суҳбат накунанд (Бе шарҳ)

Масъулони ҳизби ҳоким то ин дам рӯйхати пурраи номзадҳоро ба матбуот эълон накардаанд. Аммо Радиои Озодӣ номи 14 нафар аз номзадҳоро маълум кард. Дар садри ин рӯйхат номи Саидмурод Фаттоҳзода ва Раъно Бобоҷониён зикр шудааст. Ба ҷойи ин ду нафар Абдуҷаббор Азизӣ ва Хайриннисо Юсуфӣ, муовинони раиси ҲХДТ интихоб шуданд. Азизӣ ва Юсуфӣ ҳоло муовинони раиси Маҷлиси намояндагон ҳастанд.

Номзадҳои дигар:

  • Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон
  • Дилрабо Мансурӣ, вакили Маҷлиси намояндагон
  • Фирӯза Шарифӣ, вакили Маҷлиси намояндагон
  • Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
  • Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
  • Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
  • Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот
  • Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш
  • Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ”
  • Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ
  • Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагон
  • Хайрулло Амонулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон.

Номзадҳои дигари ҲХДТ ба мо маълум нест.

Аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон феълан 51 курсии онро намояндагони ҲХДТ дар даст доранд. Ғалабаи номзадҳои ин ҳизб дар интихоботҳои гузашта ҳамеша баҳсҳоеро ба думбол доштааст.

Мунтақидон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ин пирӯзиҳо бар асоси тақаллуб ва бо истифода аз имкониятҳои давлатӣ, ки зери назари аъзои он қарор дорад, ба даст меояд. Аммо масъулини ҳизб чунин чизеро рад карда, мегӯянд, номзадҳои онҳо дар асоси рақобат вакил интихоб мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӣ номзади ҲХДТ ба интихобот шуд?


Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1994 таъсис ёфта, дар оғоз номаш “Ҳизби халқӣ” буд. Соли 1998 президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари он интихоб ва номи ҳизб ҳам ба Ҳизби халқии демократӣ иваз шуд. Аз 4 миллион аҳолии қобили раъй дар Тоҷикистон, ним миллион-беш аз 15 дарсад узвияти ҳизби ҳокимро доранд. Рақаме, ки ба иддаои мухолифон дар натиҷаи истифода аз қудрат ба даст омадааст.