Пирӯзии муҳофизакорҳо боиси тарки Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё мешавад

Ҳизби муҳофизакори ҷонибдори Брекзит барандаи интихоботи Бритониё шуд. Натиҷаҳои расмии интихоботи парлумоние, ки рӯзи 13 декабр эълон шуд, ҳокист, ки нахуствазир Борис Ҷонсон метавонад акнун ваъдаи худ барои берун кардани кишвараш аз узвияти Иттиҳоди Аврупоро амалӣ кунад. Дар паи шумориши қариб тамоми овозҳо маълум шуд, ки ҳизби Борис Ҷонсон 364 курсии маҷлиси иборат аз 650 курсиро бурдааст. Ҷонсон гуфт, ки баъди пирӯзии қотеи муҳофизакорҳо, Бритониё метавонад мувофиқи нақшаи қаблӣ, рӯзи 31 январ Иттиҳоди Аврупоро тарк кунад.

Ҷонсон гуфт:

“Бо чунин салоҳият ва аксарият билохира мо чӣ мекунем? Дуруст фаҳмидед. Ин интихобот ба маънои он аст, ки Брекзит мешавад ва ин қарори ғайриқобили инкору муқовимат аст ва тасмими бидуни баҳс барои мардуми Бритониё аст. Бо ин интихобот дигар таҳдиди баргузории референдуми дуюм оид ба Брекзит ҳам аз байн меравад”.

Соли 2016 дар раъйдиҳии аввали мардуми Бритониё оид ба Брекзит, 52 дарсад тарафдор ва 48 дарсад мухолифи тарки узвияти Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё овоз доданд. Ҳамакнун, дар сурати иҷро шудани ин қарор, давраи гузариш то 31 декабри соли 2020 идома мекунад.

Ҳизби кор, ки хостори азсаргирии музокирот дар заминаи тарки Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё аст, дар натиҷаи овоздиҳии 12 декабр барандаи 203 курсии маҷлис шуд. Ин 59 курсӣ камтар назар ба маҷлиси ҳоло амалкунанда мебошад. Ҷеремӣ Корбин, раиси ҳизб баробари шунидани ин қарор гуфт, ки ба истеъфо меравад. Президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел гуфт, ки ин ниҳод умедвор аст парлумони Бритониё базудӣ нақшаҳои худро дар заминаи Брекзит мушаххас мекунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп бо паёме дар Твиттер пирӯзии ҳизби Ҷонсронро табрик гуфт. Айни замон, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки Русия ҳамеша умедвор аст, ки интихобот онҳоеро сари қудрат меорад, ки ҷонибдори “равобити хуб” бо Русия ҳастанд, вале дар заминаи муҳофизакорони Бритониё мутмаин нест, ки чунин мешавад.