Қатъномае, ки аз ҷониби аъзои Сенати Амрико якдилона қабул шуд, қатли арманиҳо аз ҷониби имперотурии Усмониро наслкушӣ эътироф мекунад. Нахуствазири Арманистон овоздиҳӣ дар Сенатро «пирӯзии адолат ва ҳақиқат» номид. Қатъномае, ки бо ташаббуси сенатори демократ Боб Менендез қабул шуд, эътироф мекунад, ки дар хушунатҳои солҳои 1915-1923-и замони императории Усмонӣ 1,5 миллион арманиҳоро қатл кардаанд.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар вокуниши худ тавассути Твиттер гуфт, ки «аз номи тамоми арманиҳо дар ҷаҳон ба Сенат барои қабули чунин як муқаррароти муҳим ташаккур баён мекунам”. Охири моҳи октябр Маҷлиси намояндагон қатъномаи худро дар ин замина қабул кард. Дар вокуниш ба ин ду қатънома намояндаи дастгоҳи президенти Туркия Фахриддин Алтун гуфт, “ин иқдомҳои бемасъулият ва носозор” мебошанд ва “ба равобити ду кишвар таъсири харобиовари дарозмуддат мерасонад”.