Интихоботи Бритониё сарнавишти Брекзитро муайян хоҳад кард

Рӯзи 12 декабр дар Бритониё интихоботи парлумонӣ ҷараён мегирад, ки натиҷаҳои он сарнавишти узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупоро муайян мекунад. Овоздиҳӣ соати 7 субҳ шурӯъ шуда қарор аст то соати 10 шом ба вақти маҳаллӣ идома кунад. Бар асоси пурсише, ки пеш аз раъйгирӣ аз ҷониби шаш созмони назарсанҷӣ анҷом шуд, маълум гардид, ки ҷомеаи Бритониё хостори пуштибонӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ба раҳбарии нахуствазир Борис Ҷонсон аст, ки гуфтааст, “бигузор Брекзит барпо шавад”. Дар ҷои дуюм ҳизби кор ба раҳбарии Ҷеремӣ Корбин аст, ки хостори бозбинӣ шудани шарту шурути кунунии Брекзит ва ҷорӣ шудани шартҳои нав дар ин замина мебошад. Вале ҳеҷ як аз ҳизбҳои пештоз натавонист аксари кулли овозҳоро ба худ ихтисос диҳанд. Мубориза барои ишғоли 326 курсии маҷлис пуршиддат мегузарад. Барои ташкили ҳукумат барандаи интихобот бояд бо ҳизбҳои хурдтар эътилоф ташкил диҳад. Тамоюлҳои солҳои охир ин аст, ки ҷомеа ба барномаҳои сиёсии ҳизбҳои хурдтар майли бештар нишон медиҳанд.

Дар баробари сарнавишти Брекзит, ки мавзӯи калидии интихобот аст, вазъи сиҳҳативу беҳдошт аз муҳимтарин мавзӯъҳои пешазинтихоботӣ дар Бритониё гардид.

Аввалин натиҷаҳои интихобот бар асоси экзит-пол баъди соати 11 шаби 12 декабр ва натиҷаҳои расмии интихобот соати 5-и субҳи 13 декабр нашр мешаванд.