Ҳодисаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки рӯзи 11-уми декабр дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ҳодисае рух додааст. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон то ҳанӯз дар робита ба ин ҳодиса ба таври расмӣ ибрози назар кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, шаҳрвандони Тоҷикистон гӯё дар минтақаи баҳсии марзӣ дар наздикии маҳаллаи Мин-Булаки ноҳияи Бодканд бо шаш трактор корҳои кишоварзиеро оғоз кардаанд.

"Дар натиҷа зуд мулоқоти намояндагони марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он раисони ҷамоатҳо иштирок доштанд. Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки корҳои кишоварзӣ то муайян шудани хати марзҳои давлатӣ қатъ карда шавад",-афзудааст манбаъ.

Дертар маълум шуд, ки ҷониби Тоҷикистон техникаҳоро аз минтақаи марзӣ берун бурдааст ва дар ҳоли ҳозир вазъ дар минтақа ором аст.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Дар ин минтақаҳои баҳсбарангез борҳо байни сокинони ду кишвар ҷанҷолу занозанӣ сурат гирифта ва ба хунрезӣ кашидааст. Боздошти шаҳрвандони ду тараф ҳам дар манотиқе сурат мегирад, ки баҳсбарангезанд ва ҳар ду кишвар онҳоро қаламрави худ мешуморанд.