Дар Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек баррасии парвандае идома дорад, ки дар доираи он 13 нафар, аз ҷумла ду шаҳрдори пешини пойтахти Қирғизистон Кубаничбек Қулматов ва Албек Ибраимов ба ҳайси гумонбар иштирок доранд.
Айбдоркунандаи давлатӣ 9 декабр дар мурофиа хост, Кубаничбек Қулматов 15 сол ва Албек Ибраимов 20 сол зиндонӣ шаванд. Кубаничбек Қулматов дар фасодкорӣ ҳангоми сохтани мактабе айбдор мешавад.
Албек Ибраимов якбора дар доираи чанд парванда айбдор мешавад - фурӯши истироҳатгоҳи "Соҳили офтобӣ" бо арзиши ниҳоят паст, харидории "ТНК Дастан"-и маснуоти заргарӣ бо баҳои гарон, фасодкорӣ ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин. Ба ҷуз ин, номи вай дар парвандаи Кубаничбек Қулматов зикр мешавад.
Вакилони мудофеи ду шаҳрдори пешин борҳо аз додгоҳ хостанд, ки парвандаҳои афроди зери ҳимояашон дар алоҳидагӣ баррасӣ шаванд. Аммо додгоҳ ин дархостҳоро рад кард. Қулматов ва Ибраимов айбҳои эъломшударо рад мекунанд ва вакилони мудофеашон аз поймолшавии қонун хабар дода буданд.