Худдорӣ аз намоиши филм дар бораи собиқ додситони кулли Узбекистон

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 майи соли 2018 дар як ҷаласа додситони кулли пешини ин кишвар Рашид Қодировро пеш аз содир шудани қарори додгоҳ "дузди воқеӣ" номида, гуфт, дар давоми ду се моҳи оянда ба воситаи телевизион тавба хоҳад кард.

Бо вуҷуди 1,5 сол гузаштан аз ин "ваъда"-и президенти Узбекистон филм дар бораи додситони кулли пешини ин кишвар ҳанӯз ҳам намоиш дода нашудааст.

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо, ки филми 70-дақиқагӣ дар бораи додситони кулли пешинро тамошо кардааст, "Гирдоб" ном дорад ва Қодирову мансабдорони дигари зиндонии узбек дар он ба даст доштани худ дар ҷинояткорӣ эътироф мекунанд.

"Сенарияи филмро Комилҷон Шамсиддинов навиштааст. Ӯ бо Қодиров ва мансабдорони дигари зиндонӣ суҳбат кардааст. Наворбардории ин филм тақрибан як сол дар маконҳои гуногун, таҳхонаи Вазорати умури дохилӣ, кумитаи тафтишотӣ ва маҳбаси Зангиота идома кард. Дар филм дар баробари маҳкумшудаҳо соҳибкорон низ баромад мекунанд, ки чи гуна тиҷорати онҳо ғасб шудааст",-афзуд ӯ.

Дар охири филми "Гирдоб" Қодиров ва ҳаммаслаконаш тавба карда, аз президент ва мардуми Узбекистон бахшиш мепурсанд.

Яке аз мансабдорони узбек гуфт, филми мазкур пас аз дахолати раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов, ки ҳоло сенатори Маҷлиси олии ин кишвар аст, намоиш дода нашуд.

Додгоҳи ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд рӯзи 26-уми июн Рашид Қодировро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Рашид Қодиров ба порагирӣ, тақаллуб, фирор аз пардохти андоз, дахолат ба ҷараёни тафтишот ва қонунӣ кардани даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада гунаҳкор дониста шуд. Инчунин, додгоҳ ӯро ба пардохти 500 маоши ҳадди ақал муваззаф намуд.