Додгоҳи Бишкек ду сарвазири собиқи Қирғизистонро бо иттиҳоми фасодкорӣ аз озодӣ маҳрум кард.
Сафар Исҳоқов, сарвазири собиқ бо мусодираи молу мулк ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Бар асоси ҳукми додгоҳ ӯ аз рутбаи дипломатӣ ва аз ордени «Манас» дараҷаи ду маҳрум шуд.
Жанторо Сотиболдиев, сарвазири дигари собиқ бо мусодираи молу мулк ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд.
Ба ҷуз ин, дар доираи ин парванда Олга Лаврова, вазири собиқи молия ва Осмонбек Ортиқбоев, вазири собиқи энергетика ҷарима шуданд. Инчунин, чандин мансабдорони баландпоя ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.
Ҳамаи онҳо барои фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек гунаҳкор шуданд.
Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии Бишкек нисбати мансабдорони собиқ ва кунунӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор буд. Тафтишот гуфта буд, ки шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.
Бозсозии ин марказ бо 386 миллион қарзи Чин ба роҳ монда шуда буд. Дар доираи ин парванда ҳамчунин Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон низ муттаҳам дониста мешавад.