Бино ба иттилои хабаргузории Trend News, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) соли 2018 барои 12 лоиҳаи Узбекистон 400 миллион евро ҷудо кардааст.
Намояндаи бонк, ки дар Узбекистон охирҳои соли 2017 фаъолияти худро дубора ба роҳ монд, гуфт, ин рақам дар таърихи қарздиҳии солонаи бонк рекордӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, пулҳои мазкур ҳам ба тарҳҳои давлатӣ ва ҳам ба бахшҳои хусусӣ ҷудо карда шудааст.
"Дар соли 2019 ба маблағи 475 миллион евро қарордод баста шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 дарсад бештар мебошад. Ин созишномаҳо натиҷаи ислоҳоти анҷомдодаи ҳукумат ва қасди мо барои дастгирии Узбекистон дар раванди гузариш аст",-гуфтааст намояндаи БАБР.
Ба иттилои сомони БАБР, дар ҳоли ҳозир ин бонк дар 23 лоиҳаи Узбекистон ба маблағи 726 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. 21 дарсади ин маблағ ба бахши хусусӣ ва 79 дарсади дигар ба лоиҳаҳои зербиноии давлатӣ равона шудааст.
Бар асоси маълумоти Бонки марказии Узбекистон, қарзи ин кишвар то ба моҳи июли соли 2019 ба 20,7 миллиард доллар расидааст, ки назар ба аввали соли равон 3,4 миллиард бештар аст.