Роҳбарони кишварҳои узви паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) пас аз нишасти 70-солагии ин созмон дар Лондон эъломияи якҷоя нашр карданд ва ваъда доданд, ки ба дифои 29 узви паймон пойбанд ҳастанд.
Дар эъломия амалҳои Русияро “таҳдид” ба амнияти худ номиданд. Дар баёнияи 4-уми декабр омадааст: “Мо бори дигар ба пайванди пойдори трансатлантикӣ миёни Аврупо ва Амрикои Шимолӣ тасдиқ мекунем... ва ӯҳдадории боварибахши мо, ки дар моддаи 5-и Созишномаи Вашингтон пешбинӣ шудааст, ҳамла ба ҳар як узв ҳамла ба ҳамаи аъзо дониста мешавад.”
Дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, “амалҳои таҷовузкоронаи Русия таҳдид ба амнияти Аврупо-Атлантик аст.” Сарони Паймони Атлантики Шимолӣ ҳамчунин ёдовар шуданд, ки бояд барои рӯбарӯ шудан ба “фурсатҳо ва душвориҳо”-и сарзананда аз “нуфузи афзоянда ва сиёсати байналмилалии Чин омода буд ва ба он таваҷҷуҳ кард.
Дар ин баёния омадааст: “Пас аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки изҳороти президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи "марги мағзӣ"-и НАТО ба миён оварда буд, роҳбарони паймон дар бораи раванди бозтоби оянда”... бо назардошти таҷрибаи созгор барои устувории сиёсии НАТО, аз ҷумла машваратҳо” созиш карданд.
Президенти Амрико Доналд Трамп нишасти хабарии барномарезишударо пас аз нишаст бекор кард.