Як сокини ноҳияи Восеъ гуфт, дар замине, ки мақомот ба ӯ ва хоҳараш ҷудо кардаанд, наметавонад хона созад. Ҳарду нобино ҳастанд. Ба иддаои Марҷона Динорова, ҳамсояашон Сафаралӣ Баротов ба ин кор мухолифат дорад, чун мепиндорад замин аз они ӯст. Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки заминҳои Сафаралӣ Баротов ба фонди манзил гузаронида шудааст ва сокинон ҳақ доранд, дар он хона бунёд кунанд. Баротов ба ин кор розӣ нест ва ба додситонӣ шикоят кардааст.
Ҳукумати ноҳияи Восеъ дар аввалҳои соли ҷорӣ ба Марҷона Динорова, сокини 34-солаи деҳаи Баҳористони ҷамоати Миралӣ Вайсов барои сохтмони манзил чаҳор сотих замин дод. Динорова рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "Сафаралӣ Баротов ҳамсояаамон мешавад, аммо замини маро бо ситур печонда, намегузорад, хона созем. Ба муовини раиси ноҳия Алихон Худоёрзода муроҷиат кардам. Ӯ гуфт, хонаатро бунёд кун, аммо чора надорем."
Талошҳои мо барои дарёфти назари хонаводаи Сафаралӣ Баротов, ки даъвои соҳиби замин буданро доранд, то ин дам натиҷа надод. Хонаводаи Баротовҳо баъди зангҳои пай дар пайи мо посух надоданд ва телефонашонро хомӯш карданд.
Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ низ хабари баҳси монеагузории хонаводаи Баротовҳоро барои бунёди манзили ин ду хоҳари нобино тасдиқ карданд. Алихон Худоёрзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “он заминҳое, ки ҳоло ба сокинон дода шудааст, дар гузашта заминҳои деҳқонӣ буд, аммо бо фармони ҳукумати Тоҷикистон ба фонди манзил гузаронида шуд.”
Худоёрзода афзуд, хонаводаи Баротовҳо дар оғоз нисбат ба қарори ҳукумати ноҳия ба ниҳодҳои интизомӣ шикоят бурданд, аммо мақомот қазияро ба нафъи сокинон ҳал карданд. Ба гуфтаи Худоёрзода, ба ин нигоҳ накарда ҳоло хонаводаи Баротовҳо ба додситонӣ муроҷиат кардаанд.
Хонаводаи Марҷона Динорова мегӯянд, борҳо хайрхоҳон барои бунёди манзил омодагӣ карданд, вале афроди хонаводаи Баротовҳо монеи кори онҳо шудаанд. Ҳоло Марҷона Динорова ба ҳалли мусбати қазия бо шубҳа менигарад.
Баҳси замину хона дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ аст ва додгоҳҳои кишвар ҳар рӯз тақрибан ба ин монанд парвандаҳоро баррасӣ мекунанд. Баъзеҳо иддао доранд, ки замину хонаашонро беасос гирифтаанд, дигарон шикоят мекунанд, ки хонаашон ноодилона вайрон мешавад.
Баъзан додгоҳҳо низ наметавонанд баҳси хонаву заминро мувофиқи табъи дили даъвогарон ҳал кунанд ва он ба муноқишаву занозанӣ ва хунрезӣ кашида мешавад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад