Тафтишоти изҳори нобоварӣ: Трамп ба сӯистифода аз мақом айбдор шуд

Кумитаҳои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА, ки тафтишот дар бораи имкони изҳори нобоварӣ ба президент Доналд Трампро анҷом медоданд, рӯзи сешанбе гузориши худро дар бораи хулосаҳои ин санҷиш нашр карданд.

Дар гузориш омадааст, ки Трамп аз салоҳиятҳои президентӣ сӯистифода карда, монеи тафтиши амалҳояш дар Конгресс шудааст. Ин айбҳо метавонанд барои изҳори нобоварӣ ба ӯ асос шаванд.

Ин гузориш ба Кумитаи ҳуқуқи палата ирсол шуда, он дар навбати худ ҷаласаҳои хешро баргузор мекунад ва дар асоси хулосаи онҳо тасмим мегирад, ки зидди президент айб эълон шавад, ё не.

"Президенти 45-уми ИМА Доналд Трамп шахсан ё ба воситаи тобеонаш дар ҳукумат барои дахолати кишвари хориҷӣ - Украина ба интихоботи президентии Амрико дар соли 2020 миёнаравӣ кардааст. Президент бо ин роҳ хостааст, пешрафти рақиби сиёсии худро мушкил сохта, барои бори дувум интихоб шуданаш ба раванди интихобот таъсир расонад. Вай бо ин амалаш манфиатҳои шахсии худро болотар аз манфиатҳои миллии ИМА гузоштааст",-гуфтаанд муаллифони гузориш.

Ба гуфтаи муаллифон, фишори Трамп ба мақомоти Украина барои оғози тафтишот зидди рақиби сиёсии ӯ Ҷо Байдени демократ исбот шудааст ва Трамп дар ин бора аз кӯмакҳои низомии Амрико ба Украина ҳамчун фишанг истифода бурдааст.

Вале дар гузориши мазкур тавсияи дақиқ дода нашудааст, ки зидди Трамп изҳори нобоварӣ эълом шавад ё на. Бештари курсиҳои Палатаи намояндагони ИМА-ро демократҳо дар ихтиёр доранд. Худи Трамп ва ҷумҳурихоҳон гуфтанд, ки бо ин иддаои демократҳо розӣ нестанд.

Агар Палатаи намояндагон изҳори нобоварӣ ба Трампро ҷонибдорӣ ҳам кунад, Сенат, ки дар он ҷиноҳи аксариятро ҷумҳурихоҳон ташкил медиҳанд, дар бораи барканории президент тасмим хоҳад гирифт.