Як намояндаи расмии Афғонистон гуфт, як пизишк ва як корманди ёрирасони ҷопонӣ пас аз ҳамлае дар шарқи ин кишвар аз захмҳои худ ҷон доданд. Дар ин ҳамла ҳамчунин панҷ сокини Афғонистон ҷон бохтаанд.
Атоулло Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Нангарҳор, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла субҳи 4-уми декабр дар маркази шаҳри Ҷалолобод рӯй додааст.
Шахсони мусаллаҳ ба мошине, ки Тетсу Накамуро, роҳбари созмони ғайриҳукуматии Ҷопон савор буд, тир парронданд. Ӯ сахт захмӣ шуд ва ду муҳофизаш, ронандаи мошин ва як нафари дигар кушта шуданд.
Сипас, Накамуро ба беморхонаи маҳаллӣ бурда шуд. Мақомот гуфттанд, ӯ дар дар роҳ ба сӯи шифохона дар Багром, шимоли Кобул ҷон дод.
Касе ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст ва Толибон гуфтанд, дар ин ҳамла даст надоранд. Накамуро дар Нангарҳор зиёда аз даҳ сол кор кардааст ва ба наздикӣ президент Ашраф Ғанӣ ба ӯ шаҳрванди фахрии Афғонистонро дод.
Дафтари президенти Афғонистон, сафорати Амрико дар Кобул ва Миссияи Кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) ин ҳамларо маҳкум карданд.