Бонки миллӣ ҳадаф аз таъсиси маркази ягонаи интиқоли пулро шарҳ дод

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси Маркази ягонаи интиқоли пул, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, аз ҷумла, муҳоҷирон мебошад. Таъсиси Маркази миллии протссесинги дар назди Бонки миллӣ рӯзи 3-юми декабр фаъол шуд ва вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Бархе онро иқдоми саривақтӣ ва дигарон як кори нозарур хонданд, ки сарсонии мардумро бештар кардааст.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки Бонки миллӣ нашр кард, аз таъсиси Маркази миллии протссесинги ҳимоят кард. Ҷаноби Нуралиев гуфт, ҳадаф аз таъсиси ин низом он аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ҳифз шуда, дар сурати муфлис шудани низоми пардохтӣ, маблағҳои онҳо пардохт шавад.

Муовини аввали раиси Бонки миллӣ, дар мусоҳибаи даҳдақиқаӣ батакрор мегуфт, шарти асосӣ ҳам барои низомҳои пардохт он аст, ки дар назди Бонки миллӣ суратҳисоб кушода, маблағ захира кунанд. Дар ҳолати муфлис шудани низоми пардохт ба гуфтаи Нуралиев, маблағҳои муҳоҷирон аз ҳисоби маблағҳои пасандози ширкати интиқолӣ пардохт мешавад.

Аммо Ҷамолиддин Нуралиев нагуфт, ки низомҳои пардохт бояд чӣ қадар маблағҳои пешакӣ дар назди Бонки миллӣ пасандоз кунанд. Пештар мақомҳои Бонки миллӣ гуфтанд, аз низомҳои пардохт талаб шудааст, ки маблағи якрӯзаи интиқолиро пешакӣ пасандоз кунанд, аммо хабарҳое ҳам ҳаст, ки ин шарт на як рӯз, балки як моҳ мебошад. Талаботе, ки муҷиби асосии ихтилоф миёни Бонки миллӣ ва баъзе аз низомҳои интиқолдиҳандаи русӣ шудааст.

"Омили дигаре, ки метавон хуб арзёбӣ намуд, пешгирӣ намудани амалиётҳои пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм аст. Дар гузашта мо шоҳиди он будем, ки ба воситаи чунин интиқолҳо маблағгузорӣ намудани амалҳои терроризм дида мешуд",-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, як ҳадафи дигар аз таъсиси ин марказ дар гуногун намудани иштирокчиёни низоми пардохт мебошад. Нуралиев гуфт, як низоми интиқол 82 дарсади маблағҳоро интиқол додааст, ки ба иқтисоди кишвар хафв дорад. Ҳарчанд Нуралиев аз ин низоми пардохт ном набурд, аммо қаблан чандин кормандони бонкҳо гуфтанд, муҳоҷирон маблағҳояшонро асосан тариқи "Золотая корона" интиқол медиҳанд.

Аммо ин низом то ҳол ба Маркази миллии протссесингии Бонки миллӣ пайваст нашудааст. Масъулини ин ширкат гуфтанд, талаботи Бонки миллӣ эҳтимоли нақзи қонунгузории Русияро дар пай дорад ва онҳо бо мақомоти тоҷик дар ин бора гуфтугӯро идома медиҳанд.

Масъулини бонкҳои тиҷоратӣ мегӯянд, ҳоло танҳо тариқи низоми "Юнистрим" ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр хабар дод, ки то кунун ба ин марказ низомҳои байналмилалии интиқоли пули "Юнистрим", "Контакт" ва "Вестерн Юнион" пайвастаанд. Вале рӯзи сешанбеи 3-юми декабр дар идораи "Вестерн Юнион" дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо "бо сабабҳои вобаста аз Тоҷикистон" интиқоли пулро ба кишвар қатъ кардаанд, вале масъаларо шарҳ надоданд.

Расонаҳои Русия низ навиштанд, ки низомҳои "Вестерн Юнион", "Близко" ва "Контакт" интиқоли пул ба Тоҷикистонро қатъ кардаанд.