Додситонии шаҳри Алматои Қазоқистон хабар дод, ки дар ин шаҳр додгоҳи тақаллубие як муддат фаъолият кардааст. Ин додгоҳро як зан таъсис дода ва номи онро "Додгоҳи байналхалқии ҳакамии Адолат" унвон кардааст.
Зан худро судя эълом ва аз номи Ҷумҳурии Қазоқистон парвандаҳои маъмурӣ, ҷиноӣ ва шаҳрвандиро муҳокима ва ҳамчунин ҳукму қарор содир кардааст.
"Бо ин санадҳои тақаллубии додгоҳиаш вай ҳуқуқи ронандагии сокинонро бекор карда, ҷарима ситонидааст, инчунин талош кардааст, ки боздоштшудаҳоро озод кунад ва ғайра",-хабар дод додситонӣ.
Мақомот хабар намедиҳанд, ки чи гуна тақаллубкории ин занро ошкор кардаанд. Аммо дар иттилоияи додситонӣ омадааст, ки нисбати зан парванда боз карда ва "додгоҳ"-и ӯ барҳам дода шудааст. Аз рӯи моддаи "Худсарона аз худ кардани мақоми намояндагии давлат" собиқ "судя"-ро то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.