Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 2 декабр тағйирот ба қонун дар бораи ВАО - "агентҳои хориҷӣ"-ро имзо кард, ки ба бовари мунтақидон, барои таъқиби дигарандешон, маҳдудсозии озодии ВАО ва эҷоди монеа ба табодули афкор истифода мешавад.
Тағйироти қабулшуда ба мақомот иҷозат медиҳад, рӯзноманигоронеро ҳам "агенти хориҷӣ" эътироф кунанд, ки дар расонаҳои шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" фаъолият доранд. "Агенти хориҷӣ" шахсони воқеие ҳам унвон мегиранд, ки бо расонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ва аз онҳо пуштибонӣ ва ё дигар навъи кумаки моддӣ дарёфт мекунанд.
Агар маводи расонаҳои хориҷӣ меъёрҳои қонунгузории Русияро риоя накунанд, мақомот ҳақ доранд, "дастрасӣ ба сомонаи расонаро қатъ ва ё муассисаи ҳуқуқиро барҳам диҳанд", менависад хабаргузории ТАСС.
Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-и Русия соли 2012 қабул шуд. Дар аввал он ба созмонҳои ғайритиҷорие дахл дошт, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешуданд. Бештари созмонҳои ғайридавлатии Русия дар пайи қабули қонун беҳтар донистанд, ки фаъолиятро қатъ кунанд. Ҳоло ин "унвон" ба Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус Алексей Навалний ҳам дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи рус ин қонунро як навъ фишор ба созмонҳои "нодаркор" меноманд.
"Тағйиру иловаҳои қабулшуда ба қонун "Дар бораи расонаҳо -- агентҳои хориҷӣ" аз сӯи порлумони Русия ба қатори "кӯшишҳои хатарнок ва афзояндае шомил мешавад, ки ба таъқиби рӯзноманигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари хориҷӣ" равона шудаанд ва қадами навбатӣ барои он аст, ки шаҳрвандони Русия танҳо иттилои мавриди назари Кремлро дарёфт кунанд",-изҳор дошт президенти Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай.