Чин зидди ИМА барои ҳимояти эътирозгарони Ҳонгконг таҳрим эълом кард

Чин зидди Амрико ва як қатор созмонҳои ғайридавлатие, ки мақаррашон дар ин кишвар аст, таҳрим эълом кард. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Чин омадааст, ки сухан аз вокуниш ба "амалкардҳои бемасъулиятона"-и Вашингтон ва дахолат ба умури дохилии Пекин дар робита ба ҳаводиси Ҳонконг меравад.

Ба эҳтимоли зиёд, мақомоти Чин ду қонунеро дар назар доранд, ки ИМА дар робита ба ҳимояти ҳуқуқи инсон ва эътирозгарон дар Ҳонгконг қабул кард. Қонунҳои мазкур эъломи таҳрим зидди мақомҳои расмии Чин ва Ҳонгконгро, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон дар минтақаи худмухтор айбдор мешаванд, пешбинӣ мекунад. ИМА содироти таҷҳизот ва техникаро барои кормандони пулис низ ба Ҳонгконг манъ кард.

Пекин ҳамчунин зидди созмонҳои байналмилалии ғайридавлатии Human Rights Watch ва Freedom House таҳрим эълом карданд. Ин созмонҳо ба ҳимоят аз эътирозгарони Ҳонгконг айбдор шуданд.