Узбекистон ба ҳар муҳоҷири меҳнатӣ $200 қарз медиҳад

Ба шаҳрвандони Узбекистон, ки дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ мераванд, дар сол то 2 миллион сӯм (наздики 210 доллар) қарз дода мешавад.

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Узбекистон хабар дод, ки дар ин бора байни ширкати "Узагросуғурта" ва "Микрокредитбонк"-и он кишвар тафоҳумнома имзо шудааст.

Бар асоси ҳуҷҷат, қарз ба муҳоҷирони меҳнатие дода мешавад, ки дар барномаи вижаи вазорати меҳнати Узбекистон сабт шудаанд.

Барои дарёфти қарз танҳо шиноснома, ариза ва кафилии мақомоти кордиҳанда кофист.

Ин навъи қарз бо фоидаи 10 дарсади солона дода мешавад.