Комиссияи Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо раҳбарии вазири пешини дифои Олмон Урсула фон дер Ляйен 1 декабр корро оғоз кард. Урсула фон дер Ляйен нахустин зане аст, ки ба мақоми раисии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо интихоб мешавад. Дар мақоми раисии Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Тускро сарвазири пешини Белгия Шарл Мишел иваз кард.
Комиссияи ИА мақоми иҷроияи асосӣ дар Аврупо аст. Он қонунгузории умумиаврупоиро таҳия ва назорат мекунад, ки кишварҳои узв меъёрҳои мавҷударо чи гуна риоя мекунанд. Комисияи ИА барои 5 сол - то соли 2024 интихоб шудааст. Порлумони Аврупо ҳайати онро ҳафтаи гузашта тасдиқ кард.
Ба ҳайати комиссия 27 нафар - намояндагони ҳамаи кишварҳои узви ИА, ба ҷуз аз Бритониё шомиланд. Бритониё қасди берун рафтан аз ИА-ро дорад ва бинобар ин аз таъйини намояндаи худ даст кашид.
Фон дер Ляйени 61-сола намояндаи масеҳиёни демократи Олмон ва ҳампаймони сиёсии садри аъзами ин кишвар Ангела Меркел аст. Ӯ пештар вазири дифои Олмон буд.