Олудагии ҳаво дар Теҳрон боис ба баста шудани мактабҳо шуд

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки мактабу донишгоҳҳо дар бахшҳое аз ин кишвар, аз ҷумла Теҳрон, ба хотири мизони баланди олудагии ҳаво рӯзи шанбе баста шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳамад Тақизода, муовини раиси Теҳрон, тасмим дар бораи таътили мактабу донишгоҳҳоро пас аз нишасти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар умури олудагии ҳаво рӯзи 29-уми ноябр эълом кард.

Ба мардум ба хусус афроде, ки ба бемории роҳҳои нафас дучор ҳастанд, тавсия шудааст, аз хонаҳоияшон берун нашаванд. Тамоми мусобиқаҳои варзиширо низ ба таъхир андохтаанд.

Теҳрон аз нимаҳои моҳи ноябр ба ин тараф бо мизони хатарноки олудагии ҳаво рӯ ба рӯ будааст.

Хабаргузории расмии давлати Эрон ба нақл аз мақомҳо гузориш дод, ки мактабҳо дар вилояти Албурз ва Исфаҳон низ таътил шудаанд.