Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми ноябр баъд аз адои ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Қирғизистон, ба шаҳри Тошканд рафтааст.
Ӯ рӯзи 29-уми ноябр дар мулоқоти дувуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Узбекистон иштирок мекунад.
Интизор меравад, дар нишаст ҳамкориҳои минтақаӣ дар бахши сиёсату тиҷорат ва нақлиёту фарҳанг баррасӣ шавад.
Нишасти аввали раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Нурсултон (Остонаи собиқ)-и Қазоқистон баргузор шуда буд.