Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон дар рӯзи 28 ноябр вориди шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуданд.
Президенти Русия Владимир Путинро дар фурудгоҳи Бишкек ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков пешвоз гирифт. Президентҳои Тоҷикистону Белорус -- Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян низ аллакай вориди пойтахти Қирғизистон шудаанд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 27 ноябр бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафта буд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин лоиҳаи қарори тадбирҳои иловагие низ баррасӣ хоҳад гашт, ки ба коҳиши ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон равона шудаанд.
Дар ҳудуди Қирғизистон як қатор иншооти низомии Русия -- пойгоҳи низомӣ дар Кант, пойгоҳи дарёии низомӣ дар Иссиқкӯл, маркази сейсмологӣ дар Майлуу-Суу, маркази иртибот дар Чалдовар -- ҷойгир аст. Соли 2012 дар асоси ҳамаи ин иншоот пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон таъсис дода шуд.
Ибтидои соли равон дар Қирғизистон ва Русия хабарҳо дар бораи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии дувуми Русия нашр шуданд. Вале моҳи феврали соли равон як мақоми баландпояи Қирғизистон гуфт, Бишкек имкони таъсиси пойгоҳи низомии дувуми Русияро дар ҳудуди он кишвар баррасӣ намекунад.