Рӯзи 27-уми ноябр даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри Нурсултон роҳпаймоӣ карда, аз Иттиҳоди Аврупо тақозо карданд, ки ба мақомоти Қазоқистон дар заминаи риояи ҳуқуқи маданиву башарӣ фишор оварад.
Дар рӯзи дуюми роҳпаймоӣ фаъолон дар муқобили қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Нурсултон ҷамъ омаданд. Онҳо талаб карданд, дипломатҳои аврупоӣ ба берун бароянд ва талаби эътирозгаронро, ки ба шакли хаттӣ навишта шуда буд, бигиранд.
Ҳеч нафар ба назди эътирозгарон набаромад.
Дар дасти онҳо парчаму шиорҳо бо навиштаҳои мисли «Озодӣ ба зиндониҳои сиёсӣ», «Созиши Шумо бо Қазоқистон – ғуломии мост» ва «Бо кишвари фасодкор созиш накунед» дида шуд. Эътирозгарон гуфтанд, стратегияи нави Комиссиюни Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки моҳи майи имсол қабул шуд, дар миёни дигар тақозоҳо риояи ҳуқуқи башарро ҳам аз мақомоти Қазоқистон талаб мекунад.
Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқ, Қазоқистон бояд дар амри таъмини ҳуқуқи инсон ва озодиҳо иқдоми ҷиддӣ кунад.