Эҳтимоли роҳ надодани Русия ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ

Кумитаи назоратии Оҷонсии ҷаҳонии мубориза бо доппинг ба Кумитаи иҷроияи ин созмон машварат додааст ки Русияро барои 4 сол аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кунад.

Дар ин бора шоми душанбе рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" хабар додааст. Аз ин машварат бармеояд, ки варзишгарони Русия имкон хоҳанд дошт, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар шаҳри Токио ва Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2022, зери парчами бетараф, иштирок кунанд.

Мунтахаби Русия аз ширкат дар бозиҳо маҳрум хоҳад буд. Бар илова, кумита машварат додааст ки дар давоми чаҳор соли оянда дар Русия мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ баргузор нашаванд.

Моҷарои допинг дар варзиши Русия баъд аз он сар зад, ки маълум шуд, дар озмоишгоҳҳои Русия соли 2014 ҳангоми Бозиҳои Олимпӣ дар Сочӣ натиҷаи ташхиси хуни варзишгаронро иваз кардаанд. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ вазифадор аст, ки тавсияҳои ВАДА-ро ба инобат бигирад, аммо Томас Бах, раиси кумита гуфтааст, ки тарафдори манъи комили ширкати Русия дар бозиҳои олимпӣ нест.

Соли 2018 ВАДА амр дод, ки тими миллии Русия ба Бозиҳои Олимпии Пёнг Чанг дар Кореяи Ҷанубӣ роҳ дода нашавад, аммо Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ба 170 варзишгари рус иҷоза дод, ки на аз номи кишвар, балки мустақилона дар бозиҳо рақобат кунанд. Интизор меравад, чунин имконеро дигарбора барои варзишгарони рус дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио фароҳам кунанд. Бозиҳо рӯзи 24-уми июл оғоз мешаванд