Тобути ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар садамае дар вилояти Оренбурги Русия ба ҳалокат расиданд, барои фиристодан ба Тоҷикистон омода мекунанд. Ҳоло ҷасадҳо шиносоӣ шуда, дар сардхона ҳастанд.
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо кумаки пайвандони муҳоҷирони фавтида санадҳоро барои интиқоли тобутҳо омода мекунанд.
Вай афзуд, талош доранд, ҷасадҳоро ба зудӣ аз Оренбург ба Душанбе мефиристанд. "Бо наздиконаш дар тамос ҳастем ва имрӯз ҷасадҳоро мефиристем."
Субҳи 24-уми ноябр дар садамаи нақлиётӣ 6 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон Ҳусниддини Мирзомуроди 27-сола ва Фирӯзи Аҳмади 26-сола фавтиданд. Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарии бемористон аст.
Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик аз Душанбе ба шаҳри Ростов сафар доштанд.
Гаронии нархи билети ҳавопаймо сабаб шуда, ки тайи солҳои ахир муҳоҷирон бештар бо нақлиёти мусофирбар роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд. Моҳи августи имсол ҳам дар садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Рязани Русия чаҳор муҳоҷири тоҷик, ба ҳалокат расиданд. Ин садама дар роҳ ба Тоҷикистон рух дода буд.
Дар Русия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо муҳоҷирони мавсимиянд ва асосан дар фасли баҳору тобистон ба Русия мераванд. Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон ба Ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.