Маъмурони амниятӣ дар ҷануби Ироқ бо тирандозӣ ба сӯи тазоҳургарон дасти кам 5 нафари онҳоро кушта ва даҳҳо тани дигарро маҷруҳ кардаанд. Маъмурони пулис ва табибон гуфтанд, ки рӯзи 24-уми ноябр дар натиҷаи тирандозӣ дар шаҳри Умм Қаср дар наздикии шаҳри Басра 2 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 70 тани дигар захм бардоштаанд.
Шаби гузашта тазоҳургарон дар назди се пули шаҳр ҷамъ омадаанд ва маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани онҳо тир андохта ва аз гази ашковар истифода бурдаанд. Умм Қаср яке аз шаҳрҳои бандарӣ ва бузурги Ироқ аст, ки маводи ғизоии зиёд ба он ворид мешавад.
Дар намоишҳои эътирозӣ, ки моҳи октябр дар Ироқ сар заданд, то кунун 330 нафар кушта шудаанд. Мардум аз ришвахории зиёд ва имконоти кам барои кору зиндагӣ дар ин кишвари ғанӣ аз нафту газ эътироз доранд.