Таъхир дар парвози ҳавопаймои хатсайри Нурсултон – Душанбе мушкилоти ҳуқуқиро барои гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ба вуҷуд овардааст. Ҳавопаймои ширкати “Скат”, ки бояд соати 11 шаби рӯзи 23-уми ноябр аз пойтахти Қазоқистон ба Душанбе парвоз мекард, ба сабабҳои фаннӣ натавонистааст, парвоз кунад.
Абдулло яке аз мусофирон рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба сабаби таъхир ширкати “Скат” онҳоро дар меҳмонхона ҷой кард, аммо муҳоҷироне, ки се моҳ дар Қазоқистон буданд ва ҳаққи бештар мондан дар кишварро надоштанд, маҷбур шуданд, дар фурудгоҳ шабашонро руз кунанд. Ба қавли ӯ:”Агар онҳо аз фурудгоҳ берун меомаданд, қонунро помол мекарданд ва ихроҷ мешуданд.”
Дар умум 40 мусофир мунтазири парвози ҳавопаймо будаанд. Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ намояндаи ширкати “Скат” гуфт, ки таъхир дар бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе сабаби таъхир дар парвоз шудааст. Ӯ афзуд:”Мушкилоте дар ҳавопаймо вуҷуд надорад, чунин иттифоқот дар парвози ҳавопаймоҳо пеш меояд, муоина ва поккории ҳавопаймо фурсат гирифт. Мо барои таъхир аз мусофирон узр мепурсем ва аз онҳо хоҳиш мекунем, сабур бошанд.”
Ӯ афзуд, ҳавопаймо шаби 24-уми ноябр соатҳои 11 ба самти Душанбе парвоз мекунад. Қисме аз мусофироне, ки аз Нурсултон ба Душанбе парвоз мекардаанд, муҳоҷирони корӣ аз Русия ҳастанд ва ин роҳро барои арзон буданаш интихоб кардаанд. Ширкати “Скат” яке аз ширкатҳои хурди ҳавопаймоии Қазоқистон аст ва ҳафтае то се маротиба аз Қазоқистон ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.