Амрико муомилаи низомии Туркияву Мисрро бо Русия танқид кард

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия бо президенти Русия Владимир Путин

Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико муомилаи низомии Туркияву Мисрро бо Русия зери тозиёнаи танқид гирифт ва ҳушдор дод, ки агар ҳампаймонони Иёлоти Муттаҳида аз роҳи худ барнагарданд, ба зидди онҳо таҳрим ҷорӣ хоҳад шуд.

Ин мақом бе зикри номаш рӯзи 21-уми ноябр гуфт, агар Анқара мехоҳад, бо Вашингтон муносибати хуб дошта бошад, бояд аз харидани системаи дифоии зиддимушакии S-400 аз Русия "даст кашад". Туркия узви НАТО аст ва моҳи июли имсол аз Русия системаи дифоии зиддимушакӣ харид.

Ин боис шуд, ки Иёлоти Муттаҳида Туркияро аз барномаи ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 берун кунад. Ин мавзуъ дар мулоқоти раҳбарони Амрикову Туркия рӯзи 13-уми ноябр дар Вашингтон низ баррасӣ шуд.

Туркия бо вуҷуди ҳушдорҳои Амрико, аз Русия системаи зиддимушакии S-400 харидааст ва Вашингтон мегӯяд, ин таҷҳизот барои муқобила бо ҳавопаймоҳо ва мушакҳои НАТО сохта шуда, метавонад маълумоти пинҳонии ҳавопаймоҳои F-35-ро ҷамъ биорад.

Туркия мегӯяд, солҳо барои дарёфти системаи дифоии зиддимушакӣ бо аъзои НАТО ва Амрико музокира кард, аммо онҳо тибқи шартҳои Анқара ба додани ин таҷҳизот ҳозир нашудаанд ва онҳо ночор аслиҳаро аз Русия харидаанд.