Масъулони созмони ҳомии ҳуқуқи башари “Мемориал” ва гуруҳи Ҳелсинки дар Маскав бори дигар аз Кумитаи тафтишотии Русия хостаанд, ки даъвати Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистонро таҳқиқ кунад.
Қодиров қаблан гуфта буд, корбарони интернетро барои таҳқиру тавҳин дар олами маҷозӣ зиндонӣ кунанд, тарс диҳанд ва ё бикушанд. Вай изҳор дошт, ки таҳдиди куштану тарсондан бахше аз “ахлоқи чеченҳост”.
Олег Орлов, раиси созмони “Мемориал” гуфт, даъвати раҳбари Чеченистон шаъну шарафи мақомоти маҳаллӣ ва федеролиро паст мезанад ва нобоварӣ ба қонунҳои кишварро ба намоиш мегузорад.
Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин изҳороти Қодиров таҳдиди рӯйирост ба ҳаёт, саломатӣ ва амнияти мунтақидони ҳукумати Чеченистон аст. “Изҳороти ба ин монанди мақомдорони чечен дар гузашта борҳо боис ба содир шудани ҷиноятҳои вазнин шудааст”, -- гуфтанд масъулони созмони “Мемориал”.
Мақомоти Кремл гуфтаанд, суханони Қодировро санҷиш намекунанд. Сухангӯи президенти Русия гуфт, барои анҷоми чунин санҷишҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд.
Пештар “Новая газета” хабар дод, ки аз моҳи августи имсол ба ин сӯ дар Чеченистон ба зидди афроди воломақом, аз ҷумла одамони наздик ба Рамазон Қодиров интиқомҷӯии сартосарӣ сурат мегирад. Дар зиндонҳои махфии ин кишвар мансабдорон ва кормандони мақомотро зери шиканҷа маҷбур мекунанд, ки иттиҳоми хиёнатро ба дӯш гиранд. Моликияти афроди боздоштшуда ва наздиконашонро мусодира мекунанд ва маҷбур мекунанд, ки ба Бунёди Аҳмад Қодиров миллионҳо рубл хайр кунанд.