Нурмуҳаммадзода: "Ҳар 2 бонки дучори мушкил ба фаъолият идома медиҳанд"

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки масъалаи бозхонд кардани иҷозатномаи фаъолияти "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" -- ду бонки калонтарини Тоҷикистон, дар миён нест. Ин гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар посух ба пурсиши вакилони Маҷлиси Намояндагон садод дод, ки аз тақдири амонатгузорони ин ду бонк нигаронӣ карданд.

Ҷаноби Нурмуҳаммадзода ҳамзамон гуфт, ки раванди бозгардонидани маблағҳои муштариён аз сӯи "Тоҷиксодротбонк" ва "Агроинвестбонк" идома дорад ва раҳбарияти ин бонкҳо талош доранд вазъро беҳтар кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳам гуфт, мушкили ин ду бонк бояд ба зудтарин фурсат ҳал шавад, чун "боварии мардум ба бонкҳо канда шудааст ва бояд онро баргардонд, то мардум пулҳояшонро дар бонкҳо бигузоранд".

"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" пас аз рукуди иқтисодии Русия ва коҳиши қобили мулоҳизаи пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дучори мушкил шуда, дар пардохти пули муштариён оҷиз монданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли 2017 бо ихтисоси 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" талош кард, ин ду бонкро аз вартаи касодшавӣ наҷот диҳад.

То ба ҳол пардохтпазирии ин бонкҳо пурра барқарор нашудааст ва даҳҳо амонатгузорон ҳанӯз интизори бозгардони маблағҳояшон аз бонкҳо ҳастанд.

Қаблан чанде аз созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки бонкҳои дучори мушкилро муфлис эълон карда ва дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад.

Соли гузашта, дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон, "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.