Дар даҳ сол 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистонро зиндонӣ кардаанд. ВИДЕО

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла як додраси занро ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора рӯзи 21-уми ноябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони додгоҳҳо иттилоъ дод ва гуноҳи асосии онҳоро "ҷиноятҳои коррупсионӣ" ном бурд.

Бархе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон ба мустақил набудани ин шохаи ҳокимият таъкид доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо додрасҳо дар Душанбе гуфт, "ҳамчунин дар даҳ сол 16 корманди дастгоҳҳои судҳо барои содир кардани ҷиноят маҳкум гардиданд" ва ӯ чунин вазъро "бисёр нигаронкунанда ва боис ба ташвиш" хонд.

Аммо сафи онҳое, ки дар ин даҳ сол аз кор дар додгоҳҳои кишвар ронда шуда, ба зиндон маҳкум нагардидаанд, бамаротиб зиёдтар аст. Танҳо дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо гуноҳи "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" ва “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад" аз мақомҳои худ ронда шудаанд.

Мақомот ҷузъиёт надодаанд, ки қонуншикании додрасҳо ва паст задани шаъну эътибори онҳо чист, вале таҳлилгарон бештар ба ҳукмҳои хато ва вуҷуди фасод ишора мекунанд.

Бори охир рӯзи 30-уми октябри имсол президент фармони аз кор озод кардани Рухшона Раҳмонализода як додраси додгоҳи ноҳияи Синои пойтахтро содир кард. Аз он пеш Оҷонси мубориза бо фасод гуфт, Раҳмонализода аз як шаҳрванд барои ба манфиати ӯ ҳал намудани баҳси манзил 2 ҳазор доллар талаб кардааст.

Тобистони имсол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буд, мизони қонуншиканӣ дар миёни додрасҳои кишвар дар муқоиса ба солҳои гузашта кам шудааст ва онҳо пеш аз он ки додрасро ба кор бигиранд, як сол ба ҳайси коромӯз месанҷанд. Вале сокинони корафтода мегӯянд, дар воқеият чизи дигарро мебинанд.

Назари сокинонро дар бораи кори додрасҳо дар ин ҷо бинед, ки охири моҳи октябри имсол сабт шудааст:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтанд ба мо. Сокинон дар бораи адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед.
Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед