Як фаъоли ҳуқуқи башар дар Покистон "нопадид шудааст"

Идрис Хаттак

Идрис Хаттак, фаъоли ҳуқуқи башари Покистон, ки ба зидди поймол шудани ҳуқуқи одамон мубориза мекард, нопадид шудааст.

Хонаводааш рӯзи 20-уми ноябр ба расонаҳо гуфтанд, Хаттак ҳафтаи гузашта дар ҳоле ки ҳамроҳи ронандааш ба Хайбар Пахтунхва рафта буд, "гум шуд".

Кумисюни ҳуқуқи башари Покистон аз ин вазъият ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, "эҳтимол ин як нопадид шудани маҷбурӣ аст". Ин кумисюн рӯзи 20-уми ноябр дар “Твиттер” навишт: "Аз замони зоҳиран рабуда шудани Идрис Хаттак, мудофеи ҳуқуқи башару фаъоли сиёсӣ аз тарафи афроди ношинос дар ноҳияи Свобӣ як ҳафта гузашт."

Идрис Хаттак дар Навшаҳра, шимолу ғарби Покистон, барои созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Афви Байналмилал кор мекард.

Мақомоти Покистон дар ин бора изҳори назар накардаанд. Аммо Иқбол Афридӣ, намояндаи ҳизби ҳокими Таҳрик ва Инсоф ба Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои амниятии Покистон "мардумро ҳаргиз бе далел боздошт намекунанд" ва афзуд, "агар ба зидди ӯ ҳеч иттиҳоме нест, озод карда хоҳад шуд".