Мақомоти Русия бо ишора ба ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Узбекистон гуфтаанд, ки хатари гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои минтақа воқеӣ мебошад. Ин матлабро Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бахши амнияту пешгирии тундгароӣ, баён додааст.
Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости, оқои Моргулов барқарории субот дар Афғонистонро омили асосии сулҳ дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ гуфтааст. Муовини вазири умури хориҷии Русия ҳамлаи хунбор ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро далели ҷой доштани таҳдиди террористӣ дар минтақа хондааст.
Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".
ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.