Ҳокими Фарғона ба деҳқони ришдор қарзи боимтиёз надод

Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 12 ноябр чорабиние баргузор гардид, ки дар рафти он ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев тақсими қарзҳои боимтиёзро барои соҳибкорон ва деҳқонон баррасӣ кард.

"Дар ин чорабинӣ соҳибкорон аз ноҳияҳои Қуқанду Марғилон дар доираи барномаи президентӣ қарзи боимтиёз дарёфт карданд. Дар ин чорабинӣ соҳибкорон ва намояндагони бонкҳо низ ширкат доштанд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Шуҳрат Ғаниев соҳибкорон ва деҳқонони ришдорро таҳқир кард.

"Ҳоким деҳқони ришдореро аз чорабинӣ пеш кард. "Дархости ту лағв шудааст", гуфт Ғаниев. Вай ҳамчунин ҷавони ришдори дигареро ҳам аз толор пеш кард. Ин дар ҳоле буд, ки як рӯз пеш Ғаниев бо муроҷиат ба соҳибкорону деҳқонон гуфта буд, ҳамаи монеаҳо ва мушкилиҳоро рафъ хоҳад кард. Акнун барои доштани риш ба онҳо қарз намедиҳанд", - гуфт як соҳибкори фарғонагӣ.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Шуҳрат Ғаниев ҳамчунин ба зердастонаш дастур дода буд, ки маъракаи зидди ҳиҷоб ва ришро роҳандозӣ кунанд.