Ҳукумат Толибонро сабабгори таъхир дар табодули асирон номид

Анас Ҳаққонӣ, яке аз раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки гуруҳи террористӣ ба ҳисоб меравад ва мумкин аст, ӯро ҳам озод кунанд.

Ҳукумати Афғонистон гуфт, таъхир дар табодули се мақоми Толибон бо ду гаравгони ғарбӣ ба айби ин гурӯҳи ифротгаро ба таъхир афтодааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 16-уми ноябр гуфт, “зиндониёни Толиб ҳанӯз дар дасти ҳукумат ҳастанд.” Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи ҳукумат рӯзи 16-уми ноябр дар Твиттер навишт, “Иҷро накардани шарти табодул аз тарафи Толибон сабаби таъхир дар ин раванд шудааст” ва афзуд, ҳукумат бо арзёбии вазъ, қарореро қабул мекунад, ки ба нафъи кишвар бошад. Ҳукумати Афғонистон нагуфтааст, ки Толибон кадом шарти табодули асирон бо гаравгононро иҷро накардааст. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 12-уми ноябр гуфт, баъзе аз зиндониёни Толибро, ки дар зиндони Багром нигаҳ медоранд, “шартан” озод мекунанд. Раҳоии ҷангҷӯёни Толибро як қадами муҳими ҳукумат барои музокироти мустақим бо Толибон мешуморанд. Ин гуруҳ ҳукуматро дастнишондаи кишварҳои ғарбӣ номида аз гуфтугуи мустақим бо он дар бораи хотима додан ба ҷанг худдорӣ кардааст.