Русия ба марзи Сурия бо Туркия техникаҳои ҳарбӣ фиристод

Вазорати дифои Русия ба фурудгоҳи шаҳри ал-Қамишлии Сурия, ки бо Туркия ҳаммарз аст, ду чархболи боркаши ҷангии Ми-35М ва як Ми-8 фиристод.

Нашрияи "Ведомостӣ" бо истинод ба сардори фармондеҳии ҳавоии Ал-Қамишлӣ Темур Хоҷаев иттилоъ додааст, ки дар ин минтақаи Сурия чандин муҷтамаи мушакии русии "Пантсир-С1" низ ҷойгир шуданд.

Вазифаи онҳо таъмини парвозҳои бидуни танаффус, муҳофизати чархболҳо ва дифои минтақа гуфта мешавад. Ҳамчунин барои муҳофизати минтақа даҳҳо техникаи зиреҳпӯш ва гуруҳҳои пулиси низомӣ қарор доранд.

Чанде пеш дар фурудгоҳи мазкури Сурия ҳавопаймои низомии боркаши Ил-76-и нерӯҳои ҳавоии Русия мушоҳида шуда буд.

Нерӯҳои ҳавоии Русия марзҳои шимолу шарқи Сурияро ҳамарӯза назорат доранд. Назорати муштараки марзи Сурия аз сӯи нерӯҳои русу турк охирҳои моҳи октябри соли равон дар асоси санаде оғоз шуд, ки раҳбарони Русия ва Туркия дар шаҳри Сочӣ 22 октябр ба имзо расонданд.