Роҳбари мухолифони Боливия президенти муваққат шуд

Жанин Анес, роҳбари мухолифон дар сенати Боливия баъд аз истеъфои Эво Моралес худро президенти муваққати кишвар эълом кард.

Ба навиштаи Reuters, Анес сарфи назар аз мавҷудияти раъйи кофӣ масъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифт. Вакилони ҳизби президенти пешин - "Ҳаракат ба сӯи сотсиализм" - нишасти порлумонро тарк карданд. Аммо Додгоҳи конститутсионии Боливия президентии Жанин Анесро тасдиқ кард. Дар пойтахти Боливия, шаҳри Ла-Пас миёни тарафдорони Жанин Анес ва президенти пешин Эво Моралес задухӯрд шуруъ шуд.

Президенти Боливия Эво Моралес 10 ноябр, пас аз се рӯзи тазоҳуроти гуруҳҳои мухолифи ин кишвар аз мақомаш истеъфо дод. Фармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Боливия Уилямс Калиман низ рӯзи якшанбе истеъфои Эво Моралесро талаб кард.

Қаблан Моралес дар пасманзари эътирозҳои кишвараш розӣ шуда буд, ки натиҷаҳои расмии интихоботи президентии ахирро бекор ва интихоботи нав эълом кунад. Вай ҳамчунин гуфт, комиссияи интихоботиро барҳам дода, онро аз нав ташкил мекунад.

Эътирозҳо дар Боливия пас аз он оғоз шуданд, ки Додгоҳи олии интихоботии ин кишвар натиҷаҳои интихоботи президентии 20 октябрро эълом кард. Бар асоси натиҷаҳо, Моралес, ки бори чаҳорум президент эълом шуд, беш аз 47 дарсад ва рақиби асосии ӯ Карлос Меса 36 дарсади раъйро ба даст овардаанд.

10 дарсади раъйи бештар ба Моралес имкон медод, ки дар даври аввал баранда эълом шавад. Меса натиҷаҳои интихоботро қабул накард ва бо талаби баргузории раъйгирии нав ҷонибдорони худро ба тазоҳурот даъват намуд. Дар чандин шаҳри Боливия миёни тазоҳургарон ва маъмурони пулис задухӯрдҳо сурат гирифта, дасти кам 3 кас кушта шуд.