Президенти Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис бо дабири кулли СММ вохӯрд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис иштирок кардааст. Форуми Порис, ки рӯзи 12-уми ноябр оғоз шуд, иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Ин форум ҳамасола баргузор мешавад ва ҳадафи он дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷҳо, таҳкими сулҳ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва муқовимат бо қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳо мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ин ҳамоиш, оқои Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш, президенти Форуми сулҳи Порис Паскал Ламӣ, раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, президенти Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйн мулоқот кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 9 рӯз ба ин тараф дар сафари аврупоӣ қарор дорад. Сафари ӯ рӯз 4-уми ноябр аз Швейтсария оғоз шуд ва баъдан дар Фаронса идома кард.

Дар остонаи дидори раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, дастикам ду созмони муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хоста буданд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон "чашм напӯшад".

Ҳамчунин гуруҳе аз мухолифони тоҷик, бо шумули намояндагони "Паймони Миллӣ", ки дар Тоҷикистон бар асоси қарори додгоҳ мамнуъ ва ифротӣ эълон шудаанд, рӯзи 8-уми ноябр дар Париж таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд. Онҳо озодии маҳбусони сиёсӣ, хатми шиканҷа дар зиндонҳо ва баргузории интихоботҳои озоду шаффофро талаб карданд.