Миллей: "Сарбозони Амрико чанд соли дигар дар Афғонистон мемонанд"

Марк Миллей.

Генерал Марк Миллей, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, шояд сарбозони кишвараш то чанд соли дигар дар Афғонистон бимонанд. Нерӯҳои Амрико 18 сол аст, ки дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳузур доранд.

Дар мусоҳибае бо телевизиони ABC, ки рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд, Марк Миллей гуфт, баъди ҳамлаҳои террористии соли 2001, ҳадафи аслии рафтани сарбозони Амрико ба Афғонистон, тазмин додани он буд, ки ин кишвар дигар ба пойгоҳи террористоне табдил наёбад, ки мехоҳанд, ба Амрико ҳамла кунанд. Вай афзуд: “Ин маъмурияти мо ҳанӯз поён наёфтааст. Маъмурияти мо замоне муввафақ мешавад, ки ҳукумати Афғонистон, нерӯҳои амниятии афғон тавоноии онро дошта бошанд, ки имкон надиҳанд, террористони қаламрави онҳоро барои ҳамла ба дигар кишварҳо ва бахусус Иёлоти Муттаҳида истифода баранд.”

Айни замон дар Афғонистон 14 ҳазор сарбози амрикоӣ ва ҳазорон низомӣ аз кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ки зери раҳбарии НАТО дар таъмини амният ва тақвияти артиши Афғонистон кумак мекунанд. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфтааст, фурсати он расидааст, ки нерӯҳояшро аз кишварҳои гирифтори муноқиша дар саросари ҷаҳон берун кашад.