Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, амалкардҳои Эрон як гӯшзаде ба тамоми кишварҳост, ки “тамаъҷӯии атомии” онро рад карда ва “бо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ” фишор ба Эронро афзоиш диҳанд.
Помпео дар ин бора рӯзи 7-уми ноябр ва баъди он сӯҳбат кард, ки Эрон аз иҷрои қисме аз тааҳудоти созиши атомии соли 2015 даст кашид ва ғанисозии ураниум дар таъсисоти зеризаминии атомии Фордовро аз сар гирифт. Ураниуми ғанисозишударо барои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои атомӣ истифода мекунанд, вале аз он бомби атомӣ ҳам сохта метавонанд.
Баъд аз онки раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро моҳи майи соли 2018 аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард, Эрон бори чаҳорум аст, ки аз иҷрои баъзе аз тааҳудоташ даст мекашад. Майк Помпео дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Амалкардҳои ахири Эрон баёнгари тамоми ниятҳои режим аст, ки мехоҳад, ҷомеаи байналмилалӣ хушунат ва террори онро қабул кунанд ва айни замон барои истиқлоли ҳамсоягонаш хатар эҷод мекунад.”
Дар баёния омадааст, ҷомеаи баёналмилалӣ бояд тасаввур кунад, ки “Эрони мусаллаҳ бо аслиҳаи атомӣ чӣ гуна рафтор мекунад.” Помпео гуфтааст, ки Амрико ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки чунин чизе иттифоқ афтад.