Қадами охирини Эрон барои дур шудан аз уҳдадориҳои созиши соли 2015

Ба гузориши расонаҳо, Эрон ба додани гази уран ба сентрифугаҳо дар маркази атомии худ – Фордо – сар кардааст. Ин қадами охирини Теҳрон барои дур шудан аз уҳдадориҳои созишномаи ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Телевизиони давлатӣ рӯзи 6-уми ноябр гуфт, “дар пеши нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ), Эрон додани газро ба сентрифугаҳо оғоз кард. Дар ҳоле ки президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, “ташаккур ба сиёсати Амрико ва ҳампаймононаш, ки Фордо ба зудӣ пурра ба кор бармегардад.”

Сухангӯи Оҷонси ҳастаии СММ гуфт, “нозирони МАГАТЭ дар Эрон мебошанд ва онҳо дар бораи ҳар гуна фаъолиятҳои вобаста ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, ки дар Вена ҷой дорад, гузориш хоҳанд дод."

Рӯҳонӣ рӯзи гузашта эълон кард, гази уран ба 1,044 сентрифуга дар иншооти зеризаминӣ, ки аз рӯи созишнома ғанисозӣ манъ аст, дода мешавад.

Департаменти давлатии Амрико ин амалро “қадами бузурге ба самти хато” номид ва Теҳронро ба “боҷгирии ҳастаӣ” айбдор кард. Пас аз он ки Иёлоти Муттаҳида аз созишнома соли гузашта берун шуд ва ба Эрон таҳримҳои ҷазодиҳанда бор кард, Теҳрон оҳиста-оҳиста баъзе уҳдадориҳои худро аз рӯи созишномаи ҳастаии соли 2015 кам кард.