Гуруснашинии 70 маҳбуси тоҷик дар зиндони Мордовия

Тақрибан 70 зодаи Тоҷикистон, ки дар зиндони деҳаи Сосновкаи Мордовияи Русия адои ҷазо мекунанд, дар пайи ба гуфтаи онҳо муносибати бераҳмонаи зиндонбонон гуруснашинӣ эълон кардаанд.

Ба қавли хешовандони зиндониён, баъди роҳбари маҳбас таъйин шудани Сергей Саргушкин шароити нигаҳдории онҳо сахттар шудааст. “Вақтҳои охир муносибати бераҳмона нисбат ба зиндониён шиддат гирифтааст”, -- мегӯянд наздикони зиндониён.

Яке аз онҳо гуфт, "ҳолатҳое буд, ки ҷойнамозҳои зиндониёнро ҷамъ оварда, дар ҳоҷатхона мепартофтанд ва ин боис ба норизоии маҳбусон шудааст."

Дар панҷ моҳи охир бори дувум аст, ки маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия гуруснанишинӣ мекунанд. Моҳи июни имсол ҳудуди 60 зиндонӣ даст ба гуруснашинӣ зада буданд. Онҳо шикоят карданд, ки шиканҷа мешаванд.