Дар Туркманистон боз мушкили нақдина пеш омад

Банкоматҳои Туркманистон боз нақдина надоранд. Дар ҳоли ҳозир сокинони вилоятҳои Марӣ ва Лебапи ин кишвар наметавонанд пулеро нақдина кунанд, ки давлат ба кортҳои бонкии онҳо гузаронидааст.

"Дар Марӣ пули нафақа ва кумакпулии маъюбиро ба кортҳо гузарондаанд, вале нақдина нест. Дар бонкоматҳои ноҳия нақдина нест ва нафақахӯрон барои нақдина кардани пули худ маҷбуранд, бонкоматҳои шаҳрро давр зананд",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 4-уми ноябр.

"Ҳаво сард шудааст ва набераҳо ҳанӯз ҳам бе либоси зимистона ба мактаб мераванд. Мехостам бо пули нафақаи худ ба онҳо пояфзоли гарм бихарам",-гуфт яке аз занҳое, ки дар назди бонкомат навбат меистод.

Дар назди бонкоматҳои Марӣ кормандони пулис истодаанд. Сокинони минтақаҳои дигари Туркманистон низ мушкили нақдинаро доранд. Намояндагони бонкҳои "Дайхон" ва "Халқ" дар вилояти Лебап 4 ноябр гуфтанд, ҳоло мавсими ҷамъоварии пахта ва пардохти пули кишоварзон аст, бинобар ин мушкили норасоии нақдина пеш омадааст.

Раҳбарияти Туркманистон моҳи августи соли равон мушкили нақдинаро дар кишвараш эътироф кард. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, норасоии нақдина на натиҷаи сиёсати молии ҳукумати ӯ, балки мушкили техникиест, ки ба он мансабдорон ҷавобгаранд.