Хабаргузории расмии Узбекистон (УзА) рӯзи 4-уми ноябр зодрӯзи духтари президенти ин кишвар Саида Мирзиёеваро ҳамчун рӯйдоди муҳими рӯз бозтоб кард. Матни хабари УзА чунин оғоз мешуд: "Саида Мирзиёева имрӯз зодрӯзи худро таҷлил мекунад". Дар поён шарҳи ҳоли ӯ оварда шуда буд.
Давоми рӯзи 4-уми ноябр хабари мазкур дар сархати бахши русии сомонаи хабаргузорӣ қарор дошт.
Ба иттилои УзА, Саида Мирзиёева дар риштаи иқтисоди ҷаҳонӣ, дипломатия ва ҳуқуқшиносӣ таҳсил кардааст. Вале дар шарҳи ҳоли ӯ гуфта нашудааст, ки духтари Мирзиёев пеш аз президент шудани падараш дар ҷое кор кардааст ё не.
Саида Мирзиёева духтари калонии президенти Узбекистон буда, моҳи январи соли 2019 муовини мудири Оҷонси иттилоотии назди президент таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом "имиҷи мусбати Узбекистон"-ро дар хориҷ таъмин хоҳад кард.
Духтарони президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов низ дар давраи раҳбарии падарашон маъмуриятҳои дипломатиро бар зимма дошта, аз дахлнопазирӣ бархурдор буданд. Вале зодрӯзи онҳо дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла дар УзА боре бозтоб нашудааст.