Низомиёни турк хоҳари Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари кушташудаи гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба мақомҳои баландпояи Туркия иттилоъ доданд.
Ба иттилои манобеъ, Расммия Авади 65-сола ҳамроҳи хонаводааш дар контейнере боздошт шуд, ки дар шаҳри Азази вилояти Ҳалаби Сурия дар он зиндагӣ мекард. Ҳамроҳ бо ӯ панҷ кӯдак ва шавҳару келинаш дастгир шуданд. "Маълумоти вай дар бораи "Давлати исломӣ" моро бо ин созмон бештар ошно хоҳад сохт",-гуфтааст яке аз манбаъҳо.
Абубакр Ал-Бағдодӣ моҳи гузашта дар натиҷаи як амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия худро тарконд. Дар ин амалиёт асноде дарёфт ва мусодира шуданд, ки дорои маълумоти муҳим дар бораи ДОИШ ҳастанд.