Эрон аз ӯҳдадориҳои дигари атомиаш даст кашидааст

Раҳпаймоии гурӯҳе аз эрониён бо шиорҳо ба зидди Доналд Трамп дар Теҳрон

Давлати Эрон гуфт, ки аз иҷрои бахши дигари ӯҳдадориҳои созиши атомии соли 2015 даст мекашад ва барои ғанисоии ураниум ду баробар бештар сентрифугаҳоро ба кор андохтааст. Бар асоси созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон ҳаққи чунин корро надорад. Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони Нерӯи Атомии Эрон рӯзи 4-уми ноябр гуфт, кишвараш ҳоло сентрифугаҳоеро дар ихтиёр дорад, 50 дар сад зудтар кор мекунанд, ҳарчанд созиши атомӣ ба Эрон истифодаи ингуна сентрифугаҳоро иҷоза надодааст.

Алӣ Акбар Солеҳӣ гуфт, ин амалкардҳои ахир “тавоноӣ ва азм”-и Эронро нишон медиҳад. Раиси Оҷонси Нерӯи Атомии Эрон дар ин бора дар рӯзе суҳбат кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ 40-умин солгарди гаравгонгирӣ дар сафорати Амрико дар Теҳронро таҷлил мекунад. Донишҷӯёни эронӣ дар соли 1979 гурӯҳе аз дипломатҳои амрикоиро гаравгон гирифтанд ва 444 рӯз раҳо накарданд. Онҳо мехостанд, Амрико шоҳи Эронро ба кишвар таслим кунад.

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп, соли гузашта Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард ва таҳримот ба зидди ин кишварро барқарор намуд ва афзоиш дод. Дар посух ба ин Теҳрон ба тадриҷ аз ӯҳдадориҳои созиши атомӣ даст кашид. Бар асоси ин санад, Эрон баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва қудратҳои ҷаҳонӣ таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд.

Эрон қаблан гуфта буд, ки моҳи ноябр дар бораи коҳиши ӯҳдадориҳояш эълон медиҳад. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки дигар тарафҳои созиши атомӣ, Фаронсаву Бритониё, Олмон ва Чину Русия барои коҳиш додани таъсири манфии таҳримоти Амрико ба зидди Эрон чораҳои кофӣ наандешидаанд.