Дар нӯҳ моҳ 9000 тоҷикистонӣ барои кӯчидан ба Русия ариза додаанд

Беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯч бастан ба Русия ба мақомоти ин кишвар муроҷиат кардаанд. Дар ин бора Вячеслав Маркевич, раиси намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст.

Маркевич гуфтааст, шумораи муроҷиаткунандагон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад бештар аст. Ба иттилои ин мақоми рус аз аввали имсол 1616 нафар ҳамроҳ бо оилаҳояшон, ки ҷамъ 6 ҳазору 896 нафаранд, ба барномаи ҳамватанон пазируфта шуда, ба Русия кӯчидаанд. Рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба гуфтаи ӯ 44 дарсад бештар шудааст.

Зимни қабули шаҳрвандон ба барномаи кӯчидан, талаби бозори меҳнат, омодагии касбии муҳоҷирон, таҷрибаи корӣ ва маҳорати онҳо ба назар гирифта мешавад.

Русия бештар мутахассисони тоҷик, аз ҷумла омӯзгорон, духтурон ва муҳандисону агрономҳоро интихоб карда, дар доираи барномаи ҳамватанон ба Русия мекӯчонад. Ин барнома аз соли 2013 боз амал мекунад.