Ду шаҳрдори пешини Бишкек то январи 2020 дар ҳабс мемонанд

Кубаничбек Қулматов ва Албек Ибраимов - ду шаҳрдори пешини Бишкеки Қирғизистон то 6-уми январи соли 2020 дар ҳабс мемонанд. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек қарор содир кард.

Пештар аз ин шаҳрдорони собиқ бо баҳонаи ин ки "намехоҳанд, айбҳои беасосро шарҳ диҳанд", аз додани шоҳидӣ дар додгоҳ худдорӣ варзиданд. Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ рӯзи 6-уми ноябр дар назар аст.

Кубаничбек Қулматов ба фасодкорӣ ҳангоми сохтани мактабе айбдор мешавад.

Албек Ибраимов якбора дар доираи чанд парванда айбдор мешавад - фурӯши истироҳатгоҳи "Соҳили офтобӣ" бо арзиши ниҳоят паст, харидории "ТНК Дастан"-и маснуоти заргарӣ бо баҳои гарон, фасодкорӣ ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин. Ба ҷуз ин, номи вай дар парвандаи Кубаничбек Қулматов зикр мешавад.

Вакилони мудофеи ду шаҳрдори пешин борҳо аз додгоҳ хостанд, ки парвандаҳои афроди зери ҳимояашон дар алоҳидагӣ баррасӣ шаванд. Аммо додгоҳ ин дархостҳоро рад кард. Қулматов ва Ибраимов айбҳои эъломшударо рад мекунанд ва вакилони мудофеашон аз поймолшавии қонун хабар медиҳанд.